Алибой
Лоиқ Шералӣ
Алибой,
ғозии ислом,
Дар базми канизонаш
Нишаста дар ҳарамхона,
Ҳаловат мекунад ҷонаш.
Алибой аст чун шамъе,
Занонаш мисли парвона.
Яке риши сиёҳашро
Кунад бо панҷааш шона.
Яке дигар занад барбат,
Дигар шодон ба рақс ояд.
Чаҳорум чун ғизоли маст
Ба ӯ оғӯш бикшояд...
Вале таббол зад таблу
Хабар аз корзор омад:
«Ба ҷанг омода бош алъон,
Ки душман бешумор омад!»
Нишаста ғозӣ бар аспе,
Ба майдон раҳсипар гардад.
Ба як дам аз дами теғаш
Адӯ зерузабар гардад.
Шавад пирӯз бар душман,
Кунад бар хок яксонаш.
Валекин дилкашол аст ӯ
Ба дидори канизонаш...
куҷо?
Дар куҷо ояд ба поён умри ман,
Дар куҷо оромгоҳи охирин?
Дар биёбонҳои тафбоди ҷануб,
Дар биёбон хок хоҳам шуд магар?
Меканад бегонае гӯри маро?
Хок хоҳам шуд ба зери сахрае,
Ҳар чи бодобод! Баҳри ман хуш аст
Баъди мурдан ҳам замину осмон.
Гӯри ман андар замину то абад
Чун чароғи рӯи гӯрам ахтарон.
РОЗ
Мо на фарьёду фиғоне мекунем,
Дар назар шодону хандонем мо.
Дар нигоҳу чеҳраҳои ҳамдигар
Рози пинҳоне намехонем мо.
Лек дар таҳти дили мо сарбамӯҳр
Парда-парда розҳо пинҳон бувад.
Дил бихоҳад мӯҳри онро бишканад,
Мӯҳр бишкастан магар осон бувад?
Хоҳӣ гар, аз кӯдаки гаҳвора пурс,
ТПоядат гӯянд шарҳи рози ман,
Он ҳама розе, ки буд аз ту ниҳон.
- Жанр
- Тарҷума
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 199