Мӯъҷизот

Лоиқ Шералӣ

Кист то имрӯзҳо бар мӯъҷиза бовар кунад?

Ман варо аммо зи ҳар шайъе ба худ пайдо кунам.

Бигзарам аз кӯчаи Манхаттан!, аз болои боми

хонаҳо боми дури осмонро бингарам,

Рӯи мавҷи соҳили пойоби дарёро тиҳипо бигзарам,

Рӯзҳо бо он, ки дорам дӯсташ, сӯҳбат кунам,

Шомҳо бо он, ки дорам дӯстам, хусбам, дар оғӯши

висолаш

Фориғ аз андӯҳи дунё як нафас роҳат кунам,

Даври мизе ё ба ҳамҷомии ёрон бода нӯшам,

ман нишаста дар вагон,

Давр мегардад пиромуни шон занбӯрҳо,

Дар фазо мурғону зебо сӯзанакҳо мепаранд,

Бингарам бар манзари вақти ғурубу ахтарони

равшану ороми шаб.

1Манхаттан- номи қадимаи ҳиндуии ҷазираест,

ки дар рӯи он Нью-Йорк буньёд шудааст.

Ҷумла ё ҷуз ии ҳама бошад бароям мӯъҷиза,

Ҷумла як ҷо ё ҷудо бошад бароям мӯъҷиза.

Баҳри ман ҳар соати рӯзу шабон мӯъҷизиамост,

Баҳри ман ҳар шибри паҳнои фазо-мӯъҷизанамост

Баҳри ман ҳар як гази сатҳи замин мӯъҷианамост

Баҳри ман ҳар як қадам арзи замин бо ҳамл

жарфои он-мӯъҷиазнамост:

Баҳри ман дарё ҳазорон мӯъҷизоте вонамояд:

Моҳиёну саҳраҳову кӯмаи дарёнавардон –

печутоби мавҷҳову бодбони киштиҳо,–

Мӯъҷизоти инчунин дигар куҷо бошад, худоро!

Жанр
Тарҷума

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо