Ҷавонӣ, рӯз, пирӣ ва шаб

Лоиқ Шералӣ

Ҷавонӣ – пурсаховат. пурназокат, пурмуҳаббат.

Ҷавонӣ – пурмалоҳат, пурматонат, пурҳарорат,

Ту медонӣ, ки пирӣ ҳам фаро ояд

Ба мисли ту чунон зебою нируманд?

Ту, эй рӯзи хуши рахшони гарм, эй рӯзи хуршедиву

пур аз хандаю таҳрику шавқу орзумандӣ.,

Магар донӣ, ки баъди ту шаб ояд,

К-ӯ ба зикри худ ҳазорон офтобу хобҳову

тирагии ҷонфазо дерад?

Жанр
Тарҷума

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо