Чу омад шоири шӯридае бар арсаи эҷод
Лоиқ Шералӣ
Ҷу омад шоири соҳибкамоле, соҳире бар арсаи эҷод,
Табиат (кӯраи орому бешӯру ҳавас бо ҷумла ман-
зарҳои рӯзону шабони худ) ба шодию тафохур гуфт:
Ӯ фарзанди ман бошад!
Нидо дардод аммо рӯҳи иисон, рӯҳи озоду қавию
номуросо, рӯҳи фохир, рӯҳи ҳосид:.
Ӯ фақат фарзанди ман бошад!
Сипас бархост байнц рӯҳи инсону табиат шоири
мумтоз
Гирифта дасти онҳоро ба дасти худ,
Ҷунин ҷовид хоҳад буд –
ҳам имрӯз, ҳам фардо –
ЧҶу восил, чун миёнҷӣ,
Табинатрову Рӯҳи поки инсонро ба ҳам
то оштӣ надҳад,
Наёрад то қироне, иттисоле байни Инсону Табиат
Ба тори нозуки илҳом то он дам,
ки онҳоро ба ҳам пайванд намояд,
На, наёсояд,
На д дасти онҳоро зи дасти худ раҳо ҳаргиз!
- Жанр
- Тарҷума
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 226