То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо

Лоиқ Шералӣ

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо,

Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо.

Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз

Дил метапад шабу рӯз аз як ишораи мо.

Он қадр дилпарастӣ кардем, то бидидем

Мо пора-пораи дил, дил пора-пораи мо.

Мо ошиқему ошиқ, бо ишқи дардҳояш

Ҷунбондаанд гӯӣ бас гоҳвораи мо.

Бигзор пур шавад шаҳр, ин шаҳри хоколуд

Аз розҳои пинҳон ё ошкораи мо.

Холӣ мабод, эй кош, аз сӯзиши худодод

Дилҳои пурмуҳаббат ё пуршарораи мо.

1986; 28.10.1994

Жанр
Ғазал
Сол
1994 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо