То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд
Лоиқ Шералӣ
То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд,
То сози даме дорам, дамсози ту хоҳам буд.
Андар дили пуршӯрам то нашъаи дарде ҳаст
Мафтуни табу сӯзи овози ту хоҳам буд.
Чун ҷон на барои тан, шоистаи ҷонон аст,
То ҷону ҷаҳон дорам, ҷонбози ту хоҳам буд.
Бар қасди ҳама қаҳру шӯру шари тақдирам,
Қурбони як имою як нози ту хоҳам буд.
То нола кунад ҷонам, то шиква кунад рӯҳам,
Бо болу пари шеърам парвози ту хоҳам буд.
Ором намеҷӯям, анҷом намехоҳам,
То охири умри дил оғози ту хоҳам буд.
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 531
- 2011Девони замонсаҳ. 132