Дар чашми ту ранги осмон буд
Лоиқ Шералӣ
Дар чашми ту ранги осмон буд,
Дар мӯи ту атри бӯстон буд.
Ман рӯи ҷаҳон надида будам,
Рӯи ту барои ман ҷаҳон буд.
Ҳар печухами ду милаи ту
Аз баҳри дили ман ошён буд.
Он вақт, ки ҷони ман ту будӣ,
Қурбони туам ҳазор ҷон буд.
Он вақт ҷавон будам бароят,
Он вақт дили ту ҳам ҷавон буд.
Арзон мафурӯш, баски вақте
Лоиқ зи барои ту гарон буд.
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 530
- 2011Девони замонсаҳ. 141