Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд
Лоиқ Шералӣ
Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд,
Нақди умрам лаҳзаи дидор буд.
Ҳар шарори бӯса аз лабҳои ӯ
Шуълаи барқи ҷаҳони тор буд.
Ахтари мо аз сари гултеппае
Рӯнамои толеи бедор буд.
Абрҳо месӯхтанд андар уфуқ
Моҳи нав чун машъалабардор буд.
Ӯ ба рӯи сабзаҳо по мениҳод
Хок ҳам аз ишқ миннатдор буд.
Ман диламро дода будам дар кафаш,
Хаста буд, ошуфтаву афгор буд.
Ӯ дилашро дода буд андар кафам,
Гарм буд, озурдаву ғамхор буд.
Лаҳзае аз вақт дуздидем бахт,
Оҳ, бахти ошиқӣ душвор буд.
Чашм бикшодам саҳар, дидам ҳама
Хоб буд, афсона буд, пиндор буд...
1982
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 529
- 2011Девони замонсаҳ. 168