Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд
Лоиқ Шералӣ
Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд,
Ҳаёт – афсӯси бепоён, чунин будасту хоҳад буд.
Хиёнат кори номардон, маломат кори бедардон,
Муҳаббат – ғорати имон, чунин будасту хоҳад буд.
Ватан хоки ба хун оғуштаи аҷдоди мову туст,
Замин мероси ин бар он, чунин будасту хоҳад буд.
Агар мо дилҷавон бошем, дунё ҳам ҷавон, варна
Фалак як пири бедандон, чунин будасту хоҳад буд.
Зи сақфи осмони орзуҳои тиҳифарҷом
Дили мо – ахтари паррон, чунин будасту хоҳад буд.
На сар монад на сардоре, на дар монад на дардоре,
Ба хок андар ҳама яксон, чунин будасту хоҳад буд.
Биё, ҷоно ба меҳмонӣ, қадаҳ гирем, пас мирем,
Замон мизбону мо меҳмон, чунин будасту хоҳад буд.
феврали 1987
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1987
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 528