Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест
Лоиқ Шералӣ
Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест,
Ҷуз мақсади обу нонашон нест.
Бас хушкдимоғу хушкмағзанд,
Ҳарфи таре дар забонашон нест.
Гованд ҳама ба хурдан, аммо
Як говҷигар миёнашон нест.
Бо он ки дар ин ҷаҳон ғаниянд,
Як зарра ғами ҷаҳонашон нест.
Доранд ҳама мақому диплом,
Ҳайфо, хиради замонашон нест.
Чун беди канори рӯд шодоб,
Суди самару нишонашон нест.
Бошанд зиён зи пой то сар,
Аммо ба назар зиёнашон нест.
Ин тоифа ошёнбаланданд,
Ҳарчанд ки ошёнашон нест...
1982
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 109
- 1991Ману дарёсаҳ. 103
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 489
- 2011Девони замонсаҳ. 152