Ёди ту кунам, хазони ман сабз шавад
Лоиқ Шералӣ
Ёди ту кунам, хазони ман сабз шавад
Бому дари ошёни ман сабз шавад.
Чун нахли қади ту аз хаёлам гузарад,
Сад нахли умеди ҷони ман сабз шавад.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1980 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1980Варақи санг · № 232 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 174
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 665
- 2011Девони замонсаҳ. 283