Аз нигоҳам шарора хоҳад монд

Лоиқ Шералӣ

Аз нигоҳам шарора хоҳад монд,

Аз бисотам ситора хоҳад монд.

Дар канори замини аҷдодам

Қалби ман беканора хоҳад монд.

Дар шумори тамоми дарди башар

Дарди ман бешумора хоҳад монд.

Пеши чашми замона неку бадам

Дар сухан ошкора хоҳад монд.

Аз касе як хасе намемонад,

Аз ман умри дубора хоҳад монд.

Пораҳои дили шикастаи ман –

Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо