Ба хаёлам, агар набошӣ ту

Лоиқ Шералӣ

Ба хаёлам, агар набошӣ ту,

Лаби дарё ғазал намехонад.

Зиндагӣ мешавад нафасгардон,

Шоире мисли ман намемонад.

Ба хаёлам, агар набошӣ ту

Ишқ бесарпараст хоҳад шуд.

Бе ғурури баланди чашмонат

Ҳиммати ишқ паст хоҳад шуд.

Ба хаёлам, агар набошӣ ту,

Бори шеърам касод меояд.

Аз ҳама – ҳар чӣ ҳаст дар дунё

Зиндагиям ба дод меояд.

1982

Жанр
Шеър
Мавзӯъҳо
Ишқ
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо