Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст
Лоиқ Шералӣ
Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст,
Боз мехоҳам туро бар коми дил.
Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод
Дар нафасҳои пасин анҷоми дил.
Боз мехоҳам, ки аз ҳар нешу нӯш
Охирин ком аз лаби нӯши ту бод.
Андар оғӯши ҷаҳони сустмеҳр
Охирин оғӯш оғӯши ту бод.
Боз мехоҳам туро аз ҳар чӣ ҳаст
Чун насиби вопасини зиндагӣ.
То равам зери замин, хоҳам туро
Аз замону аз замини зиндагӣ.
Боз мехоҳам, ки рӯзи вопасин
Пеши чашмам мӯи анбӯҳи ту бод.
Охирин шодиям аз дидори ту,
Охирин андӯҳам андӯҳи ту бод...
1982
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 375
- 2006Девони дилсаҳ. 356
Эзоҳот
- Моли Соиб.