Чун коғази солхурда афсурда шудем
Лоиқ Шералӣ
Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 37 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 162
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 648
- 2011Девони замонсаҳ. 262