Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед
Лоиқ Шералӣ
Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунед.
Номе ба харита нест аз деҳаи ман,
Ёрон, зи суруди ман варо ёд кунед.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 34 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 162
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 647
- 2011Девони замонсаҳ. 262