Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад
Лоиқ Шералӣ
Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бибарад.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 36 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 162
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 647
- 2011Девони замонсаҳ. 262