Мардум ҳама аз гумони худ метарсанд
Лоиқ Шералӣ
Мардум ҳама аз гумони худ метарсанд,
Аз душмани ноаёни худ метарсанд.
Гӯянд ба бехи гӯш: каҷ дору марез,
Пайдост ҳама зи ҷони худ метарсанд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 157 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 178
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 658
- 2011Девони замонсаҳ. 274