Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам
Лоиқ Шералӣ
Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам,
То даме, ки ақлу ҳушам ҳаст, мастӣ мекунам.
Оташи дил мепарастам, оташи дилҳои пок,
Ман ба ин маънӣ фақат оташпарастӣ мекунам.
Хоксориям баланд аз осмон бошад, аз он
Дар баландиҳои номатлуб пастӣ мекунам.
Гар наёбам даст бар домони мақсуди дилам,
Инқилобе бо ҳама кӯтоҳдастӣ мекунам.
Баъди мурдан ҳам нахоҳам рафт чун гард аз ҷаҳон,
Дар сари мижгони гул ҷои нишасте мекунам.
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 583
- 2011Девони замонсаҳ. 219