Ёрон, ёрон, маро агар медонед
Лоиқ Шералӣ
Ёрон, ёрон, маро агар медонед,
Аз дур фақат ба як назар медонед.
Донисти шумо ҳама гумон асту хато,
Зеро ки маро чу раҳгузар медонед.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 165 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 179
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 659
- 2011Девони замонсаҳ. 275